НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 824 деҳаи Тоҷикистон таҳқиқоти муҳандисию геологӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Лоиҳаи «Умури давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ-геологӣ барои солҳои 2020–2025» дар 824 деҳаи ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи ин таҳқиқот ба 127 хоҷагӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои аз ҷойи хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчонидан пешниҳод дода шуд. Дар ин хусус 27 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба он, ки аз шумораи мавзеъҳои хавфноки пешниҳодшуда то имрӯз чанд хоҷагӣ ба ҷойи бехавф кӯчонида шудаанд ва дар ин минтақаҳо кадом равандҳои хавфноки табиӣ бештар мушоҳида гардиданд, зеро ба онҳо тавсияи ба мавзеъҳои бехавф кӯчидан дода шуд, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадҷонзода посух дод, ки дар ҳама минтақаҳое, ки аз ҷониби геологҳои тоҷик таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида мешаванд, натиҷаҳои он ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Дар асоси хулосаи пешниҳодшуда Комиссияи давлатии мамлакат масъалаи ҷудо намудани минтақаҳои бехавф, яъне мавзеъҳои нави зист барои ҷойгир намудани муҳоҷирони дохилии экологиро баррасӣ менамояд.
«Дар ҳолати ҷудо гардидани қитъаҳои нави замин аз ҷониби Саридораи геология боз таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шуда, бехавфии минтақаҳои пешниҳодшуда муайян карда мешавад. Баъдан барои зиндагӣ кардан иҷозат дода мешавад», – иброз дошт Сардори Саридораи геологияи тоҷик.
Гуфта шуд, ки аҳолӣ асосан бо сабаби хатарҳои равандҳои экзогенӣ-геологӣ, аз ҷумла лағжиши замин, сел, фурӯравӣ ва дигар офатҳои табиӣ кӯчонида мешавад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






