НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 6 неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватанӣ ва собиқ хатмкунандагони донишгоҳ барои ташаккул ва рушди стратегияи иқтисоди «сабз» 6 неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 62 кВт сохта ва ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ректори ин донишгоҳ Хайрулло Назарзода 27 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Баъзе синфхонаҳо ва маҷлисгоҳҳои донишгоҳ бо ҳамин неругоҳҳои барқи офтобӣ равшан карда шудаанд. Нақша дорем, ки дар оянда шумораи чунин неругоҳҳоро зиёд намоем»,- иброз дошт Хайрулло Назарзода.
Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) бармеояд, масъалаи амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ, хусусан истиқлоли энергетикӣ чун мавзуи меҳварӣ дар маркази таваҷҷуҳ ва диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Хайрулло Назарзода афзуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он барқарории истиқлоли энергетикӣ ва роҳҳои расидан ба зиндагии шоистаи мардуми мамлакат баррасӣ карда мешаванд, аҳамияти муҳимтарин ҷанбаҳои рушди иқтисодӣ ва пешрафти соҳаҳои стратегиро таъкид мекунад. Маҳз ин ҳадафҳои асосӣ ба баландшавии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ ва истифодаи самаранок аз имконияти бозори ҷаҳонӣ, ки барои Тоҷикистон фурсати беназир фароҳам меорад, мусоидат мекунанд.
Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, то соли 2030 дар мамлакат иқтидори умумии неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ бояд на камтар аз 3000 МВт-ро ташкил диҳад. Бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ имкон медиҳад, ки фаъолияти низоми энергетикӣ беҳтар гардад. Ин махсусан ба давраи авҷи истеъмол-асосан фаслҳои тирамоҳу зимистон рост меояд.
Зимни нишаст дар мавриди бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳ изҳор гардид, ки соли 2025 67 фоизи хатмкунандагони донишгоҳ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






