НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Маркази миллии тестӣ соли 2025 довталабон аз рӯйи 867 ихтисос ҳуҷҷат супориданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2023 инҷониб бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 4 давра мегузаронад. Шумораи умумии ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ дар соли 2025 пешниҳод гардид, 867 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 71 адад зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода иттилоъ дод.
Соли 2025 барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тибқи нақшаи қабули донишҷӯён 70 730 ҷой ҷудо гардида буд, ки нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2024 2396 ҷой зиёд аст. Аз шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳо ҷудогардида 11 622 ҷой барои таҳсили ройгон ва 59 108 ҷой барои таҳсили пулакӣ аст.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки соли 2025 қабули донишҷӯён ба онҳо ба воситаи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба роҳ монда шуд, 129 ададро ташкил дод.
Марказ тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабони имтиёздорро дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2025 ба роҳ монда, ба гурӯҳҳои дахлдори довталабон дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёз дод. Бо мақсади тасдиқи рӯйхатҳои довталабони имтиёздор дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2025 Маркази миллии тестӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор ҳамкорӣ намуд.
Дар ҳама давраҳои бақайдгирӣ (4 давра) 1560 нафар довталаби имтиёздор барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2025 ба қайд гирифта шуданд, ки 474 нафарашон духтарон ва 1086 нафар писарон мебошанд. Шумораи довталабони имтиёздор дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 172 нафар зиёд аст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






