НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Моҳи феврал лоиҳаи қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад

Январь 27, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ»-ро таҳия намудааст, ки он моҳи феврал ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мегардад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори агентӣ Шералӣ Хоҷазода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки барои таҳияи лоиҳаи ин қонун дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (16 декабри соли 2025) дастур дода шуд.

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар мамлакат қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест.

Президенти Тоҷикистон изҳори итминон намуданд, ки амалӣ намудани чунин иқдом далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон мегардад.

Тавре директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода иброз намуд, дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва таъриху фарҳангсозӣ бо суръат идома дорад, мероси таъриху бостонӣ ва фарҳангӣ ба рукни асосии ҳифзи арзишҳои миллӣ ва омили худшиносию худогоҳии ҳар миллат табдил ёфтааст.

«Имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурат ба миён омадааст, ки олимони соҳаи таъриху бостоншиносӣ бояд таъриху тамаддуни тоҷикро амиқтар таҳлил ва пажӯҳиш намоянд. Дар ин самт зарур аст, ки аз ҷониби мутахассисон ва пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ таҳқиқот ба анҷом расонида шуда, ба нашр ва паҳн намудани асарҳои илмӣ оид  ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мусоидат карда шавад. Дар воқеъ, новобаста аз он ки зиёда аз 70 фоизи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакатро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни соҳавии бостоншиносӣ мавҷуд нест», -афзуд директори агентӣ.

Дар ҳамин раванд дар қатори маблағгузорӣ аз буҷаи давлат ҳарчи бештар ҷалб намудани сармояи хориҷӣ бобати муаррифӣ ва пажӯҳиши ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бо ҷалби олимони ватанию хориҷӣ ва омода намудани мутахассисони касбии миллӣ мувофиқи мақсад мебошад.

«Таҳияи барномаҳои соҳавӣ бо ҷалби дигар манбаъҳои буҷавӣ омили ҳифз, эҳё, муаррифӣ ва рушди соҳа гардида, ҳамчунин тараққиёти сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва табиӣ оғоз гардид. Бояд таъкид намуд, ки имрӯз таввасути маблағҳои буҷавӣ дар мамлакат зиёда аз 120  ёдгории мероси бостонӣ, меъморӣ ва монументалӣ эҳё гардида, даҳҳо ёдгории мероси моддӣ тармим ва маҳфузмонӣ гардидаанд. Тавассути ин амали шоиста мушкилот мунтазам бартараф гардида, соҳа рӯ ба рушд ниҳод ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид»,-гуфт директори агентӣ.

Иброз гардид, ки имрӯз ин амали созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бори дигар нишон дод, ки тоҷикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт миллати созанда ва бунёдкор ба шумор мераванд. Дар ин раванд марказҳои бузурги таърихии миллӣ ва мавзеъҳои бостонӣ дар Панҷакент, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Ҳисор, Бохтар, Ҳулбук, Балҷувон, Ховалинг, Данғара, Кӯлоб ва Хоруғ эҳё ва барқарор гардиданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Китоби нав таҳти унвони «Зиёӣ» ба табъ расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид