НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 29.01.2026/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд, ки 107 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода 29 январ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки новобаста ба гармии тоқатфарсои тобистони соли 2025 аз маҷмуи умумии ниҳоли дарахтони шинонида қариб 70 фоизаш нашъунамо ва сабзиши хуб дорад.
Баҳодур Шерализода гуфт, ки дар самти корҳои ободонию созандагӣ, хусусан ниҳолшинонӣ дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумита пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳамчунин барои ташкили ниҳолхонаҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар маҷмуъ 63 гектар қитъаи замин дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷудо ва ба мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маҳалҳо вобаста карда шудааст. Қитъаҳои замин таворабандӣ гардида, дар онҳо ба миқдори 216 ҳазору 125 бех қаламча-кӯчати навниҳолони дарахту буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст. Инчунин ба миқдори 1 ҳазору 818 килограмм тухмии ниҳоли дарахтон кишт карда шудааст.
26 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар деҳоти Раҷаб Исмоилов бо нашъунамои дарахтони хоҷагии ниҳолпарварии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ин хоҷагӣ бо мақсади амалишавии «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои то давраи соли 2040» дар 5 гектар беш аз 25 000 бех ниҳолу дарахтони гуногуни ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ парвариш карда мешаванд.
Инчунин моҳи декабри соли 2025 бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод ва шаҳраки Хуррамшаҳри ноҳияи Хуросон зиёда аз 1000 бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар мамлакат беш аз ду миллиард ниҳоли дарахтони ҳамешасазабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида, Тоҷикистонро ба «кишвари сабз» табдил диҳад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






