НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 ҳаққи хизмати обрасонӣ пурра тавассути низоми биллингӣ пардохт мегардад

Январь 29, 2026 14:19

ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки соли 2026 ҳаққи хизмати обрасонӣ пурра ба тариқи системаи биллингӣ пардохт карда шавад. То имрӯз барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии ҶумҳурииТоҷикистон» оид ба гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ 61 фоизи заминҳо ба системаи биллингӣ ворид карда шудаанд. Ин матлабро директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Таъкид гардид, ки системаи биллингӣ дар Тоҷикистон, махсусан дар соҳаи обёрӣ барои ба танзим даровардани пардохти ҳаққи хизматрасонии об, осон кардани ҷамъоварии маблағ аз хоҷагиҳо ва шаффофгардонии кори ассотсиатсияҳо истифода мешавад. Ин система барои беҳтар кардани идоракунии захираҳои об ва зиёд кардани ҷамъоварии маблағ барои нигоҳдории пойгоҳҳои обкашӣ муҳим аст.

Зафарбек Давлатзода гуфт, ки “дар ҷумҳурӣ 383,7 ҳазор гектар замин ба системаи биллингӣ ворид карда шуда, 220,4 ҳазор  истифодабарандагон бо ID код таъмин гардидаанд. Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ ба тариқи низоми биллингӣ 63 миллиону 390 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими обдиҳии соли 2025 бо истифодаи 7,3 миллион кВт/соат неруи барқ дар як шабонарӯз  то 275 дастгоҳи обкашӣ ва  74 чоҳи амудӣ  фаъолият намуда, заминҳои кишоварзиро бо оби полезӣ таъмин намуданд.

Соли 2025 тавассути пойгоҳҳои обкашӣ дар ҷумҳурӣ бо истифодаи  1 миллиарду 59,6 миллион кВт/соат неруи барқ  4 миллиарду  1,8 миллион метри мукааб об бароварда шуд. Нишондиҳандаи истифодаи неруи барқ нисбат ба соли 2024 8,77 миллион кВт/соат ва оби баровардашуда 102,86 миллион метри мукааб камтар  мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2026 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд