ОГОҲӢ. 16-17 январ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад
ДУШАНБЕ, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 январ вобаста ба тағйирёбии ногаҳонии ҳаво дар бештари ноҳияҳои водигию доманакӯҳ ҳарорати ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, 15 январ дар минтақаҳои водигӣ ва доманакӯҳӣ бориши борон пешгӯӣ карда мешавад. Дар охири рӯз бориши борон ба барфи тар гузашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ асосан барф меборад.
17 январ дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ бориши барфи тар пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барфи бошиддат меборад.
Инчунин 16 январ бинобар сабаби бориш дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок (километрҳои 51-74, 80-81) ва минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб сар задани тарма пешгӯӣ карда мешавад.
АКС: Dushanbe-travel








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






