Ҳоким Холиқзода бо муовини Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшифуми Ёшикава мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ гардид. Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, идомаи муколамаи созандаро муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҷопон тавассути JICA дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. «Айни замон лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, инфрасохтор, энергетика, таъминоти об, маориф ва тандурустӣ амалӣ карда мешаванд», — гуфта шуд дар мулоқот.
Ҳамзамон саҳми JICA дар омода намудани мутахассисони баландихтисос, рушди соҳибкории хурду миёна ва таҳкими зерсохтори нақлиётӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот таваҷҷуҳи хосса ба ҷалби сармоягузории мустақими Ҷопон ба иқтисоди Тоҷикистон равона карда шуд. Тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетикаи «сабз», саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва рушди сармояи инсонӣ аз афзалиятҳои асосӣ арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ва таъсиси Маркази муштараки инноватсионӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопонро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷом омодагии тарафҳо барои идомаи ҳамкории амалӣ ва густариши минбаъдаи шарикӣ таъкид гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






