Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ ҳавасманд гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маросими ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ дар соли 2025 баргузор гардид. Зимни он 20 омӯзгор барои саҳми назаррас гузоштан дар омода намудани хонандагони соҳибистеъдод бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва 21 омӯзгор бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳаракати олимпӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони пешсаф тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.
Таъкид шуд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихии соли 2025 баргузор гардидани нахустин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём — «KhIMIO-2025» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он барои рушди тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани нуфузи низоми таҳсилоти мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ заминаи мусоид фароҳам овард.
Ба ду хонандае, ки ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ гардиданд, дар ҳаҷми 7 500 сомонӣ мукофотпулӣ ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Ҳамзамон ба як муассисаи таълимие, ки хонандагонаш дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ супорида шуд.
Барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф ва илм, мусоидат ба иштироки фаъолонаи хонандагон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои назарраси олимпӣ ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои «Беҳтарин раёсатҳои маориф дар ҳаракати олимпӣ», «Панҷгонаи беҳтарин шуъбаҳои маориф дар ҳаракати олимпӣ», «Панҷгонаи беҳтарин муассисаи таҳсилоти типи нав дар ҳаракати олимпӣ» ва «Панҷгонаи беҳтарин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳаракати олимпӣ» эълон карда шуданд.
АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






