ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
ДУШАНБЕ, 08.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2024–2026» тасдиқ гардида, тибқи он ҳамасола рӯйхати хоҷагиҳои кӯчонидашаванда муайян карда мешавад. Дар доираи ин нақша, аз соли 2024 то соли 2026 ҳамасола кӯчонидани 175 хоҷагӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, соли 2024 — 154 хоҷагӣ ва соли 2025 — 174 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Камолзода иттилоъ дод.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, бо такя ба натиҷаҳои таҳлилӣ ва омӯзиши вазъи геологию муҳандисии минтақаҳои осебпазир Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола маҷмуи чорабиниҳои пешгирикунанда ва паст кардани хавфи офатҳои табииро таҳия ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута амалӣ менамояд. Яке аз самтҳои калидии ин фаъолият кӯчонидани муташаккилонаи аҳолӣ аз мавзеъҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф мебошад.
«Бо ин мақсад дар назди кумита гурӯҳҳои махсуси корӣ таъсис дода шудаанд. Ин гурӯҳҳо бо ҷалби мутахассисони соҳаи муҳандисию геология, сохтмон ва ҳолатҳои фавқулода ба минтақаҳои хавфнок рафта, ҳолати манзилҳои истиқоматиро ҳамаҷониба меомӯзанд. Дар асоси хулосаҳои техникӣ ва илмӣ, инчунин арзёбии сатҳи хавф ба аҳолӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод мегарданд, ки тибқи онҳо ба минтақаҳои бехатар кӯчонидани аҳолӣ аз ҷойҳои хавфнок амалӣ карда мешавад», – изҳор дошт Ҷамшед Камолзода.
Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки дар мамлакат «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019–2034» амалӣ мегардад. Ҳадафи ин стратегия коҳиш додани хисороти молию ҷонӣ, таҳкими чораҳои пешгирикунанда ва баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Тибқи таҳлилҳои дар ин санад овардашуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар офатҳои табиии сел, заминларза ва тармафароӣ ба қайд гирифта мешаванд. Хисороти асосии молию ҷонӣ низ маҳз аз ҳамин навъи офатҳо ба иқтисоди миллӣ ва амнияти аҳолӣ мерасад. Дар байни онҳо заминларза аз ҷиҳати ҳаҷми зарар хатарноктарин арзёбӣ мегардад.
Бо назардошти он ки 93 фоизи қаламрави ҷумҳуриро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, чунин офатҳо асосан дар минтақаҳои кӯҳӣ — Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, водии Зарафшон ва шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд бештар мушоҳида карда мешаванд.
Ҷамшед Камолзода иттилоъ дод, ки соли 2025 дар Тоҷикистон 287 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 12 ҳолат офати табиӣ мебошад. Ҳаҷми умумии зарари расонида дар ин давра беш аз 20 миллион сомониро ташкил додааст.
Ҳамзамон барои пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, бахусус селу обхезиҳо соли 2025 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар тадбирҳои пешгирикунанда беш аз 28 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо ин маблағ маводи сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харида, тавассути техникаи боркаши кумита ба беш аз 20 шаҳру ноҳияи осебпазир интиқол дода шуд.
Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии шаҳру ноҳияҳо корҳои соҳилбандӣ ва муҳофизатӣ доир шуда, ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ тақвият ёфтанд.
Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Камолзода иброз дошт, ки ҳадафи асосии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ коҳиш додани хавфи селу обхезиҳо, ҳифзи манзилҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ ва иншооти муҳими иҷтимоию инфрасохторӣ мебошад. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки чунин тадбирҳо яке аз воситаҳои муассири пешгирии ҳолатҳои фавқулода буда, дар якчанд минтақа хатари такрорёбии селу обхезиҳоро ба таври назаррас коҳиш додаанд.
Дар маҷмуъ, татбиқи пайвастаи чорабиниҳои муҳандисӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф на танҳо хисороти эҳтимолии молиявиро коҳиш медиҳад, балки ба таъмини амнияти аҳолӣ, рушди устувори маҳалҳо ва болоравии эътимоди шаҳрвандон ба сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз аз офатҳои табиӣ мусоидат менамояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз/муаллиф








Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 15 телевизион ва 10 радиои давлатӣ, 16 телевизион ва 25 радиои хусусӣ фаъолият доранд
Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 320 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд
Доир ба хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид






