Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад

Январь 31, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашнҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла Сада ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ин айёми фархунда табиати мамлакати биҳиштосоямонро боз ҳам сарсабзу зебо гардонем, кӯчаву гулгаштҳо, хонаву кошона ва маҳали зистамонро обод ва тозаву озода нигоҳ дорем. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ бахшида ба ҷашни Сада баён намуданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки муҳимтар аз ҳама, дар ин ҷаҳони пурошӯб ба қалбҳоямон кинаву кудуратро роҳ надиҳем ва ба қадри сулҳу осоишу ҳамбастагӣ расем.

«Соли равон барои мамлакати мо соли рӯйдоди азими таърихӣ –35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад. Ба ифтихори ин ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ мо соли 2026-умро соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намудем. Аз ин лиҳоз, мо бояд барои рушду пешрафти минбаъдаи ҷумҳурии маҳбубамон беш аз пеш заҳмат кашем ва диёри куҳанбунёдамонро боз ҳам ободу зебо гардонем»,- таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат кулли мардуми сарбаланди мамлакатро ба муносибати ҷашни Сада самимона муборакбод намуда, ба ҳар як хонадон сулҳу осоиш, бахту саодат ва файзу баракати рӯзгор орзу намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд