ПОС ДОШТАНИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Январь 25, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 25.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 бозгӯйи таҳлили амиқ ва воқеъбинонаи тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад. Ин санади муҳиму роҳнамо на танҳо дастовардҳои мамлакатро ҷамъбаст намуд, балки самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи давлату миллатро муайян кард.

– Соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик, урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва мероси пурғановати ниёгон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки «тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангию тамаддунсоз дар ҷаҳон мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забон, фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдориро ба мерос гузоштаанд».

Ин суханон гувоҳи он аст, ки фарҳанг ва худшиносии миллӣ дар сиёсати давлатӣ мавқеи меҳварӣ доранд. Сарвари давлат дар баробари масъалаҳои муҳими дохиливу хориҷӣ ва дурнамои стратегии давлат ба масъалаи риояи расму ойинҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги ғании ниёгон, бахусус пӯшидани либоси миллии тоҷикона эътибори махсус зоҳир менамоянд.

Арҷгузорӣ ба ёдгориҳои таърихӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва гиромидошти ҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада яке аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Пешниҳоди таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз ва Кохи тамаддуни ориёӣ дар маркази пойтахт – шаҳри Душанбе далели равшани таваҷҷуҳи амиқи Сарвари давлат ба ҳифз ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Пӯшида нест, ки ҳар халқу миллат маҳз бо урфу одат, расму ойин ва арзишҳои фарҳангии худ шинохта мешавад. Пос доштани ин арзишҳо нишонаи худогоҳии миллӣ ва кафолати пойдории миллат дар оянда аст. Ниёгони мо аз замонҳои қадим, аз давраи Ҳахоманишиён то имрӯз ҳамчун мардуми фарҳангпарвар, тамаддунсоз ва ташаббускор шинохта шудаанд. Пайравӣ аз суннатҳои гузаштагон на танҳо эҳтиром ба таърих, балки пайванди ногусастании дирӯзу имрӯз ва фардои миллат мебошад.

Дар баробари муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва забони давлатӣ урфу одат ва рукнҳои гуногуни фарҳанги миллӣ, бахусус либоси миллии тоҷикона муаррифи чеҳраи миллат дар сатҳи байналмилалӣ маҳсуб мешаванд. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот тамоми рукнҳои давлатдорӣ эҳё гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо намуд. Дар ин раванд либоси миллии тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Либоси миллӣ оинаи арзишҳои фарҳангиву маънавии ҳар миллат аст. Рангҳо, нақшу нигор ва тарҳи либоси миллии тоҷикона, бахусус зардӯзӣ ва гулдӯзӣ на фақат зебоӣ, балки таърихи пурғановат, завқи баланди эстетикӣ ва ҳунармандии мардумро инъикос менамоянд. Ҳар нақш рамз ва ҳар ранг маънои хос дорад.

Боиси хушнудӣ аст, ки имрӯз эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ва рушди онҳо таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Ин иқдом на танҳо фарҳанги миллиро эҳё мекунанд, балки ба таъсиси ҷойи нави кор, хусусан барои занону духтарон мусоидат менамоянд.

Пешвои миллат ҷавононро ояндасози давлату миллат мешуморанд ва барои тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст тамоми шароитро фароҳам овардаанд. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мо – ҷавонон пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, таблиғи арзишҳои миллӣ ва муқобила бо бегонапарастӣ мебошад. Ташвиқи пӯшидани либоси миллӣ ва такя ба фарҳанги ғании ниёгон садди роҳи гум кардани ҳувияти миллӣ мегардад.

Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан бо ишора ба нақши занону модарон таъкид менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ онҳо бояд посдори асосии забон, фарҳанг, расму ойин ва анъанаҳои миллӣ бошанд. Ин андешаҳо дар асари безаволи Сарвари давлат «Тоҷикон дар оинаи таърих» низ чунин ифода ёфтаанд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва мероси фарҳангии ниёгон огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил шуда наметавонанд».

Аз ин рӯ, мо ҳамчун ҷавонони бонангу номуси мамлакат вазифадорем, ки дар ҳамбастагӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа барои арҷгузорӣ ба анъанаҳои ниёгон, пӯшидани либоси миллии тоҷикона ва пешбурди фарҳанги сарфаю сариштакорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳем.

Дар ҳақиқат сарфаю сариштакорӣ баракати рӯзгор, заминаи устувории иқтисодии оила ва омили муҳими рушди ҷомеа мебошад. Танҳо бо такя ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги асил ва худшиносии баланд мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ — бунёди ҷомеаи мутамаддин ва устувор расем.

Меҳрангез НАБИЕВА,
сармутахассиси раёсати экспертизаи забоншиносии «Маркази миллии тарҷума»-и
назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 25, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳоро таҷлил менамояд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид