ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд

Январь 10, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббус ва иқдоми дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ  соҳаи фарҳанг ба таври назаррас рушд карда, ин арзиши волои умумибашарӣ барои таҳкими дӯстию бародарӣ ва хештаншиносии аҳли ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Ин матлаб имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни баргузории маросими қадрдонии кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва аҳли фарҳангу санъат, ки дар баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар соли 2025 саҳми назаррас гузоштанд, баён гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки соли 2025 бо саъю талошҳои Ҳукумати мамлакат 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Инчунин аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангию маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Зимни ҳамоиш аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии  миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» барои ҳамкории судманд дар тарғибу ташвиқи ҳамоишҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.


Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки соҳаи фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таъриху маданияти миллӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин соҳаи муҳим рушд карда, ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Инчунин бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаю канори гуногуни мамлакат, аз ҷумла дурдасттарин ноҳияҳо иншооти фарҳангӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мамлакат дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳанг ба истифода дода шуда, 350 иншоот таъмиру навсозӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2026 ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллӣ ба истифода дода мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 10, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд