Роҳи оҳани Тоҷикистон соли 2025 беш аз 7,4 миллион тонна бор ва зиёда аз 456 ҳазор мусофир интиқол додааст

Январь 30, 2026 11:45

ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳиссаи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон дар интиқоли байналмилалии бор назаррас арзёбӣ гардида, қариб 70 фоизи борҳои байналмилалӣ ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.

Тавре 29 январ зимни нишасти матбуотии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъкид гардид, соли 2025 7 миллиону 441 ҳазор тонна бор ва 456,9 ҳазор мусофир тавассути роҳи оҳан интиқол дода шудаанд, ки боркашонӣ 110,9 фоиз ва мусофирбарӣ 100,2 фоизро ташкил медиҳад.

Таҳлили раванди боркашонӣ тавассути роҳи оҳан дар Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки беш аз 90 фоиз ё 6587,6 ҳазор тонна ба воридот, 5,5 фоиз фоиз ё 400,5 тонна ба содирот ва 3,1 фоиз ё беш аз 236 ҳазор тонна ба боркашонии маҳаллӣ рост меояд, ки нисбат ба соли 2024 содирот 111,6 фоиз, воридот 113,1 фоиз ва боркашонии маҳаллӣ беш аз 86 фоизро ташкил додааст.

Воридот нисбат ба содирот 15,4 маротиба ё 6,1 миллион тонна зиёд мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2026 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид