САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад
ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба андешаи олимони тоҷик, Сада ба мисли ҷашнҳои Меҳргон, Наврӯз ва Тиргон иди кишоварзон мебошад. Он рамзи бедоршавии табиат, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва аз сардӣ раҳоӣ ёфтану ба гармӣ расидан аст. Шарҳи АМИТ “Ховар” дар ин мавзуъ пешниҳод мегардад.
Тавре Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода иброз намуд, ҷашни Сада ба деҳқонон оғози кишту кори баҳориро мужда медиҳад.
«Дар ин шабу рӯз деҳқонон корҳои гуногуни кишоварзӣ: яхобмонии боғу токзор, обшӯйкунии хокҳои шӯр, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, дарахтбуриву башаклдарорӣ, нармкунии атрофи дарахтон, шиббакунии барф дар атрофи дарахтон ба хотири захираи намӣ, таъмиру омода намудани техникаи кишоварзӣ ба мавсим, мубориза бар зидди касалию ҳашарот ва ғайраро амалӣ менамоянд. Хулоса, аз рӯзи таҷлили ин ҷашн деҳқонон омодагиашонро ба баҳор шуруъ мекунанд»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ба андешаи профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ, ин ҷашн рамзи рафтани фасли дай ва муждаи нахустини фасли баҳор ва омодагӣ ба киштукор мебошад. Мардум, махсусан деҳқонон дар ин айём аз рӯи анъана ба кандану тоза кардани каналу ҷӯйборҳо, кишт кардани замин, пошидани пору ба заминҳо ва тайёр намудани тухмӣ барои кишт машғул мешуданд.
Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад. Ҳамин ки айёми сардиҳо поён меёбад, замин аз борони найсон ва барфу об нашъа мегирад.
Аз замин, ки ризқрасони марди деҳқон аст, бӯи хоки мушкбез ба димоғ мерасад. Ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ ва талу теппаҳо бо иштироки тамоми мардум гузаронида мешавад. Аз аҳди бостон то ин дам мардуми кишоварз ҳар сол иди Садаро интизорӣ мекашанд. Барзгарон бо меҳр дар атрофи оташи муқаддас, ки яке аз анъанаи ҷашни Сада мебошад, давр зада, ба фасли баҳор омодагӣ мегиранд. Хокистари гулхани ҷашни Садаро деҳқон бо умеди ҳосили босамар ба замин мепошад. Каландашро ба замин мезанад, то баҳори имсола низ боиси рӯйсурхии ӯ гардад. Деҳқонон дар айёми ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои заруриро дастрас намуда, асбоби корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр ва ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд.
Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро барои мубориза бо зараррасону касалиҳо иҷро менамоянд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал, моҳӣ ва беҳтар намудани сифати ғизо, ҳолати зоогигиении ҷойи нигоҳдорӣ ва ҳифзи онҳо аз касалиҳо фаъолият мекунанд.
Бо таҷлили Сада ниёгони ориёнажоди мо ба ҷаҳониён нишон медоданд, ки онҳо омодаи корҳои нав, фаъолияти пурмаҳсул ва аввалин созмондиҳандагони зиндагию ҳаёти навин мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сада ҳамчун мероси фарҳангии таърихӣ ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






