Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари иқомат таҳсил мекунанд, мулоқот намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар мулоқот роҳбари намояндагии дипломатӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» сухан намуда, муҳтаво ва нуктаҳои асосии онро шарҳу тавзеҳ дод.
Зимни он иброз гардид, ки дар сиёсати давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум, таъмини амният, волоияти қонун, ҳифзи сулҳу субот дар мамлакат, дастгирии соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, донишандӯзӣ ва маърифатнокӣ тарбия намудани насли наврас, дастгирии занону ҷавонон, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин намудани онҳо, аз ҷумла масъалаҳои калидӣ маҳсуб мешавад.
Дар идомаи суханронӣ роҳбари намояндагии дипломатӣ бо истифода аз фурсат ба таваҷҷуҳи донишҷӯён иброз дошт, ки касбҳои интихобнамудаи онҳо дар Тоҷикистон мавриди ниёзмандии вижа аст ва ба онҳо маслиҳат дод, ки аз шароити дар донишгоҳҳо барояшон фароҳамшуда барои омӯхтани илму дониш ва забонҳои хориҷӣ самаранок истифода баранд.
Инчунин сафир ба донишҷӯён доир ба арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ, мубориза ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таҳрикоти иғвогарона, новобаста аз мазмуни онҳо, тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносию меҳандӯстӣ изҳори андеша намуд. Дар баробари ин эҳтиром гузоштан ба расму оин ва риояи қонунгузории кишвари иқомат аз ҷониби онҳо шарт дониста шуд.
Дар фарҷоми мулоқот донишҷӯён саволу дархостҳои гуногун пешниҳод намуда, ба онҳо посухҳо гирифтанд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






