Сафири Тоҷикистон бо Вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо Вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон Назар Агаханов мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар бахши савдои тарафайн ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ баррасӣ карда, оид ба роҳҳои боз ҳам тақвият бахшидани ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти мутақобил ва васеъсозии тамосҳои корӣ байни сохторҳову ташкилоти дахлдори ду мамлакат ибрози андеша намуданд.
Бо таъкиди болоравии ҳаҷми савдои мутақобил байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар соли 2025 истиқрори робитаҳои пайвастаи тиҷоратӣ байни соҳибкорони манфиатдори ду мамлакат, инчунин қабули санадҳои дахлдор барои пешниҳоди шароити мусоид ба хотири вусъати бештари ҳамкории иқтисодӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






