Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад

Январь 22, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «ACWA Power»  дар Тоҷикистон дар асоси татбиқи тарҳи энергетикӣ неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1250 МВт бунёд менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Татбиқи ин лоиҳаи энергетикӣ  дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Президенти ширкати «ACWA Power»  дар Осиёи Марказӣ Абид Малик дар Душанбе  баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетикаро муҳокима намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ хусусан ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1250 МВт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид. Ин метавонад дар гуногунсозии манбаъҳои тавлиди неруи барқ ва рушди энергетикаи барқароршаванда саҳми назаррас гузорад.

Ҳамзамон барои таҳкими устувории низоми энергетикии Тоҷикистон, баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ ва афзоиши иқтидори интиқоли неруи барқ ҷонибҳо аҳамияти татбиқи лоиҳаи хати интиқоли барқи баландшиддати 500 кВ «Роғун–Сайҳун», инчунин идомаи он аз мавзеи Сайҳун то зеристгоҳи барқии «Суғд-500»-ро таъкид намуданд.

Бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон ба он рабт дорад, ки воридот ва таҳвили минбаъдаи панелҳои офтобӣ ва қисмҳои эҳтиётиву маҳсулоти такмилии он то соли 2031 дар ҷумҳурӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд. Ҳамчунин объектҳои ғайриманқуле, ки дар онҳо панелҳои офтобӣ насб мешавад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.

Ин тадбир дар  асоси  ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли 2025 Парлумони Тоҷикистон онро қабул намуд,  андешида шудааст. Имтиёз бо ҳадафи ҳавасмандсозӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифода аз панелҳои офтобӣ ва қисмҳои эҳтиётии он пешниҳод гардидааст.

   АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 22, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд