Соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 3,4 миллион доллар ангури тар ва хушк содирот гардид

Январь 31, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 31.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ба Федератсияи Русия дар ҳаҷми 5522,8 тонна ба маблағи 3,4 миллион доллар ангури тару тоза ва хушк содирот шудааст. Дар ин хусус 30 январ зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода хабар дод.

Ба иттилои Баҳриддин Сироҷиддинзода, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содирот ба Федератсияи Русия 2 970,5 тонна ба маблағи қариб 16 миллион сомонӣ ангур содирот карда шуд. Дар умум аз ҷониби корхона ва филиалҳои он соли 2025 ба хориҷи мамлакат 4 237,6 тонна ангур ба маблағи 26,5 миллион сомонӣ содирот шудааст, ки 13,2 фоизи ҳаҷми содироти ҷумҳуриро ташкил менамояд.

Дар маҷмуъ, соли 2025 аз Тоҷикистон ба хориҷи ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 32,2 ҳазор тонна ба маблағи 8,9 миллион доллар ангур содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2024 ба маблағи 3,3 миллион (59,8 фоиз) зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки моҳи декабри соли 2025 зимни вохӯрии намояндагони Агентии содирот бо намояндагони мақомоти марбутаи давлатӣ ва бахши хусусии Русия шартномаҳои кафолатнок барои содироти маҳсулоти ватанӣ ба имзо расонида шуданд. Ҳамзамон барои ташкили корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия ва сохтмони маркази агрологистикӣ барои харидорӣ, банду баст, захира ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон бо мақсади содироти минбаъдаи он ба Федератсияи Русия ба тавофуқ расиданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд