Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 25 ташкилоти ҳизбӣ таъсис дода шуда, 5000 шаҳрванд ба сафи ҳизб қабул гардид. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 3987 нафар аъзои ҳизб ва 10 ташкилоти ҳизбӣ зиёд мебошад. Чунин иттилоъ дода шуд зимни баргузории маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра бахшида ба идҳои миллию санаҳои таърихӣ зиёда аз 1350 чорабинии сиёсию фарҳангӣ ва маҷлисҳои тантанавӣ баргузор гардид.
Давоми як соли охир бо иштироки ҷавонону занон фестивалу форум, ҳамоишу конференсия ва озмуну чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор шуданд. Дар самти кор бо занону ҷавонон чорабиниҳои фарҳангӣ — сиёсӣ ва маҳфилҳои адабӣ-маърифатӣ низ доир карда шуданд.
Ҳамзамон вакилони шаҳрию ноҳиявӣ ва ташкилоти ҳизбӣ дар доираи иқдоми ҳизбиён «Бо ҳам ба сӯйи созандагиву бунёдкорӣ» ва «400-рӯзи ташаббускорӣ – иқдоми ҳизбиёни пойтахт» 32 километр роҳҳои дохили шаҳраку маҳалларо сангфаршу мумфарш намуданд. Инчунин ҳашарҳои хуррамгардонию сабзкорӣ баргузор шуданд, ки зимни онҳо беш аз 3673 дарахту ниҳоли ороишию сояафкан шинонида шуданд.
Таъкид карда шуд, ки ба корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, ҷалби аъзои нав ба сафи ҳизб, ба роҳ мондани иқдоми созандагию бунёдкорӣ тавассути ҷалби сокинон аз маҳаллаҳои навворидшуда ва дигар масоили дохилиҳизбӣ вусъати тоза дода шавад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






