СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад

Январь 7, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи сиёсати ятимпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо назардошти Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 бо ташаббуси академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Улмас Мирсаидов ва маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ  таъмири пурраи ошхона ва хобгоҳи Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод   оғоз гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин мактаб-интернат хабар доданд,  иқдоми мазкур  ба беҳтар намудани шароити зист, таълим ва ғизои кӯдакони ятиму бепарастор равона шуда, анҷоми пурраи корҳои таъмирӣ то ҷашни  байналмилалии  Наврӯз дар назар аст. Дар доираи корҳои ободонӣ навсозии инфрасохтор, беҳдошти шароити санитарӣ, таъмини амнияти истиқомат ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ пешбинӣ гардидааст.

Сиёсати иҷтимоии давлат, бахусус дастгирии табақаҳои осебпазир, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина ҷалби ҷомеа, олимон ва соҳибкорон ба корҳои хайрхоҳона  намунаи ҳамбастагии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ арзёбӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки корҳои ободониву созандагӣ танҳо масъулияти Ҳукумати мамлакат набуда, балки қарзи шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат дар роҳи рушди устувор, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли солиму худогоҳ мебошад.

Анҷоми муваффақонаи корҳои таъмирӣ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии тарбиятгирандагони ин мактаб-интернат мусоидат намуда, ба онҳо умед, эътимод ва ифтихори миллӣ мебахшад.

АКС: Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод

Январь 7, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад