Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд

Январь 30, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба, рушди робитаҳои муассир дар самтҳои маориф, сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак  дар мулоқоти муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Фатҳулло Ҷабборов бо ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ — ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТИКА.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ТИКА дар омода намудани кадрҳои баландихтисос, табодули таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълимӣ нақши муҳим мебозад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи иқдоми муштарак дар оянда изҳори омодагӣ намуданд.

  АКС: Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ

Январь 30, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд