ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 январ, панҷшанбе, 1-умин рӯзи соли 2026 аст
1 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси вақти Шурои Давлатӣ ва Шурои вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус ба муносибати таҷлили Иди миллии Ҷумҳурии Куба барқияи табрикӣ фиристоданд.
1 ЯНВАР:
Ҷашни пуршукуҳ ва рангоранг — Соли нав дар бештари давлатҳои чаҳон (шаби 31 декабр ба 1 январ).
***
Рӯзи байналмилалии сулҳ.
***
Дар Камерун – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Литва – Рӯзи парчам.
РӮЙДОДҲО:
1 январи соли 1933 дар заминаи Китобхонаи шаҳрӣ Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифт. Соли 1993 китобхона мақоми миллиро дарёфт кард.
***
Дар ин рӯзи соли 1934 Театри вилоятии шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт.
***
Соли 1993 шабакаи телевизиюнии Euronews таъсис ёфтааст. Euronews (Евронюс ё Ахбори Аврупо) — шабакаи телевизионии шабонарӯзии аврупоӣ буда, рӯйдодҳои оламро бо сенздаҳ забон пахш менамояд. Идораи асосиаш дар шаҳри Лиони Ҷумҳурии Фаронса қарор дорад.
***
1 январи соли 1927 дар Массачусетс аввалин маротиба дар ҷаҳон суғуртаи ҳатмии автомобилҳо ба роҳ монда шуд.
***
1 январи соли 1950 Ҳизби халқии пешрафти Гаяна таъсис ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 1956 Судон аз Миср ва Британияи Кабир ҷудо ва мустақил гардид.
***
1 январи соли 1948 Конститутсияи Ҷумҳурии Италия ба ҳукми амал даромад.
***
Соли 1785 дар Британияи Кабир аввалин шумораи қадимтарин рӯзномаи лондонӣ «The Daily Universal Register» (соли 1788 ба «The Times» тағйири ном кард) нашр шуд.
***
1 январи соли 1993 Чехословакия ба Чехия ва Словакия тақсим шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Гулчеҳра Сулаймонӣ — соли 1928, — Шоири халқии Тоҷикистон (1988), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1977) барои маҷмуаҳои бачагонаи «Себи хубонӣ» ва «Чил кокули бозингар», аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 1957).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 декабр, чоршанбе, 365-умин рӯзи соли 2025 аст






