ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 январ, ҷумъа, 16-умин рӯзи соли 2026 аст

Январь 16, 2026 08:00

16 январи соли 2025 дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд

***

16 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон суханронӣ намуданд.

***

16 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Хорватия муҳтарам Зоран Миланович ба муносибати интихоб шудан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Хорватия  барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

16 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мулоқот намуданд.

***

16 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуд.

***

16 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба суқути ҳавопаймои боркашони ширкати туркӣ дар маҳаллаи бӯстонсароҳо, ки сабаби марг ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакон ва хисороти хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи шаҳри Бишкек гардид, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

11 сол пеш, 16 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  ва  Иттиҳодияи  корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус муҳокима карда шуд.

16 ЯНВАР:

 Дар Таиланд – Рӯзи омӯзгор.

***

Дар Ҷумҳурии Демократии Конго – Рӯзи қаҳрамонон.

РӮЙДОДҲО:

16 январи соли 2023  варзишгари тоҷик Меҳроҷ Камолов дар Чемпионати кушод оид ба ҷиу-ҷитсу, ки дар шаҳри Гуанчжои Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуд, соҳиби 4 медали тилло гардид.

***

16 январи соли 2020 дар Тоҷикистон «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» таъсис дода шуд.

***

16 январи соли 2009 дастаи «Регар»-ТадАЗ-и Турсунзода барои иштирок дар «Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика» аз шаҳри Қазон ба шаҳри  Москваи Федератсия Русия рафт.

***

16 январи соли 2012 дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» баррасӣ гардид.

***

11 сол пеш, 16 январи соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки   ҷилди сеюми «Энсиклопедияи миллии тоҷик» бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.

***

16 январи соли 2016 Бонки Осиёии инфрасохтории сармоягузорӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Маросими ифтитоҳи бонк дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид

***

Соли 2018 дар Сафорати Тоҷикистон дар Чин оид ба муносиботи дуҷонибаи ду давлат брифинг баргузор гардид.

***

 Соли 1989 дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид. 

Январь 16, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш