ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 январ, шанбе, 24-умин рӯзи соли 2026 аст
24 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Прокуратураи генералӣ, «Амонатбонк» ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд.
***
24 январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.
***
12 сол пеш, 24 январи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории мутақобили судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия муҳокима карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
24 ЯНВАР:
Рӯзи байналмилалии таҳсил
***
Рӯзи байналмилалии варзиши занон
***
Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии духтарон.
РӮЙДОДҲО:
24 январи соли 2008 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул гардид.
***
24 январи соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
***
12 сол пеш, 24 январи соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бозии кушодашавии Ҷоми «Иттиҳод-2014» байни дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ – 2:2 ба анҷом расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳама қишрҳои аҳолӣ ба имзо расид.
***
Соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 январ, ҷумъа, 23-юмин рӯзи соли 2026 аст






