Тарҳи нави лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) тарҳи нави «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» бо модули таҳлилӣ ва навсозӣ муаррифӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) хабар медиҳад.
Ҳангоми муаррифӣ имконоти асосии лоиҳа, намунаҳои геопортал ва ҳисоботи таҳлилӣ нишон дода шуда, марҳилаҳои татбиқ ва нақши ҳар муассиса дар амалисозии он шарҳ дода шуд.
«Харитаи электронии шаҳри Душанбе» дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия гардида, онро Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «ГШ Эра» ба анҷом мерасонад. Дар ин харита ҳудуди шаҳри Душанбе тавассути таҷҳизоти бесарнишин аксбардорӣ шуда, ба шакли рақамӣ гузаронида мешавад.
Харитаи электронӣ- ин тасвири картографие мебошад, ки дар асоси маълумоти харитаи рақамӣ тавлид шудааст. Он маълумот дар бораи нуқтаҳои геодезӣ, релеф, гидрографӣ, наботот, хок, объектҳои хоҷагидорӣ ва фарҳангӣ, роҳҳо, коммуникатсияҳо, инфрасохтори шаҳрӣ, сарҳадҳо ва дигар объектҳои релефиро дар бар мегирад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






