То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад

Январь 16, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 апрели соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар айни замон дар ҳамкорӣ бо вазоратиу идораҳои дахлдори мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, барои омода намудани барнома таҳлилу баррасиҳо идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд, ки «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026 – 2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардад.

Дар назар аст, ки дар «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026 – 2030» тамоми самтҳои рушди соҳаи дорусозӣ зери назар гирифта мешавад. Инчунин барои бештар намудани корхонаҳои дорусозӣ бо ҷалби соҳибкоронӣ ватанӣ ва шарикони рушд барои тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол намудани дору диққати бештар дода мешавад.

Сардори шуъбаи стандартонии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Халифазода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ, ки ин барнома давоми мантиқии «Барномаи  давлатии  рушди саноати  дорусозӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2021 то 2025» мебошад.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  28 октябри  соли 2020  «Барномаи  давлатии  рушди саноати  дорусозӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2021-2025»-ро  қабул намуд, ки он соли 2025 пурра амалӣ гардид.

Сардори шуъбаи стандартонии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки мақсади барномаи мазкур беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ тавассути навсозии инфрасохтори дахлдори тандурустӣ буд.

«То қабул гардидани ин барнома дар мамлакат беш аз 90 фоизи дору ва молҳои тиббӣ дар бозори фармасевтии Тоҷикистон аз хориҷи мамлакат ворид мегардид. Инчунин то амалӣ гардидани ин барнома дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 38 корхонаи ватанӣ ба истеҳсоли 400 номгӯй дору ва маҳсулоти фармасевтӣ машғул буданд. Дар натиҷаи татбиқи «Барномаи  давлатии  рушди саноати  дорусозӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2021-2025» дар мамлакат имрӯз шумораи  корхонаи ватанӣ ба 72 адад расид»,-гуфт Хусрав Халифазода.

Барнома 7 ҳадаф, 13 вазифа ва 88 чорабиниро дар бар гирифта, маблағи умумии он 1 миллиарду 316 миллиону 681 ҳазору 860 сомониро ташкил дод.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем