Тоҷикистон аз шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна изҳори нигаронӣ менамояд

Январь 28, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна, бахусус нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳори нигаронии амиқ намуда, бо мухолифат ба иқдоми низомӣ ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳама низоъҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад, ки ҷонибҳо бо риояи усули Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амал намуда, барои ҳифзи сулҳу суботи минтақа кӯшиш ба харҷ диҳанд», — гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 28, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард