Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: «Истихроҷи нафт дар мамлакат афзоиш ёфтааст»
ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиш ёфтани истихроҷи нафт дар мамлакат иттилоъ медиҳад.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, ки соли 2025 дар Тоҷикистон 18 ҳазору 546 тонна нафт истихроҷ гардид, ки ин омор нисбат ба соли 2024 2 ҳазору 409 тонна ё 15 фоиз зиёд мебошад.
Соли 2025 дар ҷумҳурӣ 247 ҳазор метри мукааб гази табиӣ истихроҷ гардид, ки нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 115 ҳазор метри мукааб ё 31,8 фоиз кам мебошад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 ба Тоҷикистон аз Русия 1,2 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид карда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷм 180 ҳазор тонна ё 17,5 фоиз зиёд буда, иҷрои нақша дар сатҳи 103 фоиз таъмин гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






