«Тоҷик Эйр» тавассути лизинги молиявӣ ду ҳавопаймои «Airbus» харидорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» тасмим гирифтааст, ки тавассути лизинги молиявӣ ду ҳавопаймои тамғаи «Airbus» харидорӣ намояд. Ин масъала моҳи июни соли 2025 аз ҷониби директори генералии «Тоҷик Эйр» Парвиз Шодмонзода ва ноиби президенти гурӯҳи «Airbus Group» Шарбел Йозкатлӣ дар Париж баррасӣ шуда буд. Дар ин хусус 28 январ зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии мамлакат иттилоъ дода шуд.
Парвиз Шодмонзода иброз намуд, ки соли 2025 ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» баҳси деринаро бо ширкати литвагии UAB «Skyroad Leasing» ҳал намуд ва қарзи «Тоҷик Эйр» ба ин ширкат ба маблағи 36,6 миллион доллар пурра пардохт карда шуд. Пас аз ҳалли ниҳоии ин баҳс дигар ҳеҷ гуна мусодира, маҳдудият ё гаронии амвол нисбат ба суратҳисобҳои бонкии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» дар хориҷа ва дар ягон гӯшаи ҷаҳон нахоҳад буд.
«Ба таври мушаххас, мусодираи ҳавопаймои Boeing 737-300 (EY-444), ки ба «Тоҷик Эйр» тааллуқ дошт ва аз соли 2019 дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково таваққуф карда буд, бекор гардид. Аз ин рӯ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» метавонад парвозҳои байналмилалиро бе ягон маҳдудият анҷом диҳад», — афзуд манбаъ.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд






