Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» қабули ҳуҷҷатҳо оғоз гардид, ки то 1 апрели соли 2026 идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имсол барои таҳсил дар хориҷи мамлакат барои шаҳрвандони тоҷик зиёда аз 10 ҳазор стипендия ва бурсияҳои таҳсил ҷудо гардидаанд.
Барнома барои тамоми зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла, бакалавриат, магистратура, резидентура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ эълон гардидааст.
Қабули ҳуҷҷатҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» анҷом дода мешавад.
Бояд гуфт, ки ба ғолибони Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон» суғуртаи тиббӣ, роҳкиро, маблағи хобгоҳ, маблағи таҳсил ва ҳамзамон ҳар моҳ 500 доллари амрикоӣ стипендия пардохт карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ соли 2009 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз таъсиси ин марказ рушд додани неруи инсонӣ, баланд бардоштани савияи донишу маҳорати ҷавонон ва таъмини пешрафту ояндаи босуботи Тоҷикистон мебошад.
Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» имкони беҳтарин барои вусъат додани дониши ҳамаҷонибаи ҳар ҷавони лаёқатманду соҳибистеъдод ба шумор меравад. Тибқи роҳнамоии пайвастаи муҳтарам Пешвои миллат, ҳар донишҷӯи таҳсилкунанда дар кишвари хориҷӣ бояд дар баробари таҳсили аъло ва интизоми намунавӣ инчунин муаррифи арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад.
Тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ғолибони озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду шартнома ба имзо расонида мешавад- яке шартномаи ташкили раванди таҳсил ва дигар шартномаи замонат.
Дар асоси ин шартномаҳо довталаб на танҳо баъд аз таҳсил, балки дар ҷараёни таҳсил низ аз ҷониби Марказ дар ҳамоҳангӣ бо муассисаҳои олии касбии давлатҳои хориҷӣ назорат карда мешавад ва уҳдадор аст, ки дар ҷараёни таҳсил бо баҳои хубу аъло хонад, мушкилӣ ба вуҷуд наорад, ҳатто тарки таҳсил накунад. Зеро агар донишҷӯён бо баҳои хубу аъло таҳсил накунанд ё ин ки таҳсили худро идома дода натавониста, аз курси 1 ё 2 хориҷ шаванд, он маблағе, ки то ин давра хароҷот шудааст, дар асоси шартномаи замонат аз волидайни онҳо ба фоидаи давлат баргардонида мешавад. Ин ҳам таҷрибаи байналмилалӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар соли таҳсили 2025-2026 79 нафар барои таҳсил ба 6 кишвари хориҷӣ фиристода шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






