Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар Саммити ҷаҳонӣ оид ба зеҳни сунъӣ — «India AI Impact Summit 2026», ки 16 феврал дар Ҳиндустон оғоз шуда, то 20 феврал идома меёбад, иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Саммити «India AI Impact Summit 2026» таҳти раёсати Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Фаронса Эммануэл Макрон, Президенти Бразилия ва дигар намояндагони расмӣ баргузор гардида истодааст.
Дар ин саммит намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои пешрафтаи технологии ҷаҳон ҷамъ омадаанд. Дар саммит Шералӣ Кабирро Ашвини Вайшнау, вазири роҳи оҳан, электроника, технологияҳои иттилоотӣ, иттилоот ва пахши Ҳиндустон истиқбол карда, сатҳи баланди иштироки Тоҷикистонро дар муҳокимаҳо оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии зеҳни сунъӣ таъкид намуд. Ҳайати Тоҷикистон афзалияти миллиро дар соҳаи саноат ва татбиқи саноатии зеҳни сунъӣ муаррифӣ намуд.
Саммит ба татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои навсозии равандҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои саноатӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва эҷоди соҳаҳои нави
технологияҳои пешрафта равона гардидааст. Дар ҷаласаҳои умумӣ ва мавзуӣ лоиҳаҳо дар соҳаҳои низомҳои истеҳсоли интеллектуалӣ, автоматикунонии саноатӣ, идоракунии инфрасохтори рақамӣ ва омода намудани мутахассисон барои саноати оянда баррасӣ шуданд.
Дар доираи саммит Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти давлатии Ҳиндустон, созмонҳои байналмилалӣ ва роҳбарони ширкатҳои пешбари соҳаи зеҳни сунъии саноатӣ якчанд вохӯрии дуҷониба баргузор кард. Дар онҳо дурнамои лоиҳаҳои муштарак, сармоягузорӣ ва татбиқи роҳҳои ҳалли инноватсионӣ дар саноати Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.
Шералӣ Кабир инчунин бо директори генералии «OpenAI» Сем Алтман мулоқот намуд, ки зимни он имконоти истифодаи роҳҳои ҳалли OpenAI барои табдили рақамии саноати Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки озмоишӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






