Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд

Февраль 26, 2026 10:45

ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои барррасии афзалияти «Барномаи ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор барои солҳои 2027-2030» доир шуд.

Тавре аз ин вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласа таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами гузаронида шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои афзалиятнок дар чаҳорчӯби ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор барои солҳои 2027-2030 ва лоиҳаи барномаҳои ниҳодҳои кишварии ин созмон, аз ҷумла «Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид», «Хазинаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба кӯдакон», «Хазинаи нуфузи Созмони Милали Муттаҳид» ва «Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид» баррасӣ гардиданд.

Иброз шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои кишварии ин созмон ва дигар шарикони рушд устувории макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон таъмин гардид.

Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкории мутақобили босамар бобати татбиқи босифати барномаи нави ҳамкорӣ ва барномаҳои кишварии ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Февраль 26, 2026 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд