Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд

Февраль 26, 2026 13:10

ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд.

Дар ҷаласа нақшаи миллии тақсимоти радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои иҷозатдиҳии тақсимоти спектри радиобасомадҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ карда шуд.

Раиси Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни ҷаласа баён намуд, ки қабули ин санадҳо қадами муҳим дар самти таҳкими сиёсати давлатии танзими спектри радиобасомад мебошад. Истифодаи самаранок ва мақсадноки он ба рушди устувори бозори хизматрасониҳои алоқа ва технологияҳои рақамӣ, таҳкими рақобати солим байни операторон ва ҳифзи манфиатҳои амнияти миллӣ мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи миллӣ бори аввал ҳамчун ҳуҷҷати ягонаи меъёрии давлатӣ қабул гардида, заминаи ҳуқуқии идоракунии тамоми диапазонҳои басомади аз 8,3 кГц то 3000 ГГц-ро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Қоидаҳои тасдиқшуда механизми шаффоф ва муназзами иҷозатдиҳӣ, ҷудо ва истифодаи спектри радиобасомадҳоро муқаррар намуда, тартиби ягонаи танзими ин захираи стратегии миллиро таъмин менамоянд. Назорат ва татбиқи амалии ин санадҳо ба зиммаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Минбаъд ҳама қарорҳои марбут ба ҷудокунии басомадҳо танҳо дар доираи нақша ва қоидаҳои тасдиқшуда амалӣ карда мешаванд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Февраль 26, 2026 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд