Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Артур ван Дизен доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ, аз ҷумла фаъолияти дуҷониба дар доираи якчанд барномаи афзалиятнок дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳсилоти босифат, саломатӣ ва иштироки ҷавонон, ислоҳоти бахши иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак, ки ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва рӯзномаи 2030-и Созмони Милали Муттаҳид мутобиқат мекунад, мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






