Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, мошинсозӣ ва кимиё, инчунин рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Атобак баррасӣ гардид.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар вохӯрӣ барои истифодаи пурраи имконоти мавҷуда ва густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии ду давлат ибрози ҳавасмандӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки равобити Тоҷикистон ва Эрон бар пояи пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ рушд ёфта, имрӯз марҳилаи нави густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро дар бар мегирад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






