Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 25, 2026 14:30

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 феврали соли 2026 №27
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳакимзода А.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҳакимзода Асадулло Курбон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 феврали соли 2026 №28
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Институти ботаника, физиология ва
генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод
намудани Бобозода Б.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Бобозода Бақохоҷа Бобо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 феврали соли 2026 №29
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти назорати
давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Раҳим С.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳим Санъат Асо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 феврали соли 2026 №30
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини сардори Саридораи геологияи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Вализода И.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Вализода Исмоил Султон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 феврали соли 2026 №31
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми
вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҳакимзода А.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҳакимзода Асадулло Қурбон муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 феврали соли 2026 №32
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шарифзода Ш.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шарифзода Шарофиддин Ҳикматулло муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 феврали соли 2026 №33
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири
фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Бобозода Ф.Т.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Бобозода Фаридун Толиб муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 феврали соли 2026 №34
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Хадамоти назорати давлатии
бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Вализода И.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Вализода Исмоил Султон сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Февраль 25, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд