Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ баргузор гардид

Февраль 25, 2026 11:18

ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.

Зимни ҷаласа масъалаи марбут ба иштироки кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Намоишгоҳ-ярмаркаи XXXIII байналмилалии китоби Минск, ки аз 17 то 22 марти соли 2026 баргузор гардида, ба 35-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аъзои Шуро маълумот оид ба ҷараёни иҷрои Харитаи роҳ вобаста ба татбиқи ташаббусҳои роҳбарони ҳайатҳо дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳамкории соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар ин самт барои соли 2025 шуниданд.

Намояндагони доимӣ пешниҳодҳоро ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шурои сарвазирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 22 майи соли 2026 дар шаҳри Ашқобод дар назар аст, муҳокима намуда, инчунин натиҷаҳои татбиқи Нақшаи дурнамои рушди заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои солҳои 2023–2025 ҷамъбаст ва марҳилаҳои минбаъдаи фаъолиятро барои давраи се соли оянда муайян карданд.

Гузашта аз ин, қарор оид ба Роҳбари ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар раъйпурсии ҷумҳуриявӣ оид ба қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 15 марти соли 2026 доир мегардад, қабул гардид. Дар фарҷоми ҷаласа ҷониби Русия маҷмуаҳои ҳуҷҷатии «Ҷумҳуриҳо – ба фронт 1941–1945»-ро муаррифӣ намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Февраль 25, 2026 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард