Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия якчанд синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида таъсис дода шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, синфхонаҳо ва озмоишгоҳ ба поси хотири заҳмати пурсамари шахсиятҳое номгузорӣ гардидаанд, ки умри пурбаракати худро дар ин боргоҳи илму маърифат ба таълиму тарбияи насли ҷавон ва омодасозии мутахассисони баландихтисос бахшидаанд.
Таъмир ва ба истифода додани озмоишгоҳу синфхонаҳо дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ дар муассиса амалӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Синфхонаҳои навтаъсис дар факултети физика, математика ва информатика ба номи математикони варзидаи тоҷик — профессорон Раҳмат Акбаров ва Ислом Ғуломов мавриди истифодаи омӯзгорону донишҷӯён қарор гирифтанд.
Ҳамзамон дар ҳамин факултет озмоишгоҳи таълимии «Радиотехника» ба номи дотсент Абдукарим Зарифзода ифтитоҳ гардид. Он барои гузаронидани дарсҳои амалӣ, таҳкими донишҳои назариявӣ ва рушди малакаҳои касбии донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Фаъолияти ин озмоишгоҳ ба баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат хоҳад кард.
Зимни ифтитоҳ таъкид гардид, ки таъсиси чунин синфхонаҳо минбаъд дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ дар назар дошта шудааст. Ҳадафи он табдил додани анъанаи арҷгузорӣ ба заҳмат ва рисолати омузгор ба ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги донишгоҳӣ мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






