Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд

Февраль 19, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада.

Иштирокдорон оид ба ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти Робиаи Балхӣ сухан намуданд. Иброз гардид, ки Робиаи Балхӣ аввалин шоираи форсзабон аст, ки номаш бо ифтихор ва шаъну шараф дар солномаҳои боэътимод сабт шудааст.

Хабари нишотбахши фарҳангию адабӣ вобаста ба бузургдошти Робиаи Балхӣ дар ЮНЕСКО ҷомеаи илмии Тоҷикистонро бениҳоят шод гардонид. Ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар радифи 65 солгарду ҷашнвора ба феҳристи солҷашнҳо барои соли 2026-2027 таҷлили 1050-солагии Робиаи Балхӣ – нахустин зани суханвари тоҷикро низ ворид намуд, ки боиси сарфарозӣ ва ифтихори мо, ворисонаш мебошад.

Гуфта шуд, ки Робиаи Балхӣ дар охири асри Сомониён зиставу бо ашъори худ дар раванди эҳёи адабиёти оламгири он даврон иштироки фаъол доштааст. Дар охири давраи фаъолияти устод Рӯдакӣ сабки рӯдакивори шеъру адаби даврони Сомониёнро дар Балх идома бахшидааст.

Донишҷӯёни донишкада дар маҳфил аз ашъори ин шоири тоҷик шеър қироат намуданд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикисто

Февраль 19, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст