Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба ҷалби сармояи мустақими Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуданд

Февраль 19, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти ҷалби сармоя дар соҳаҳои афзалиятнок тақвият медиҳанд. Ин ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба ҷалби сармоя дар  нишасти кории ҳайати мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид, баррасӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад, ки дар нишаст Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидмуҳаммади Атобак иштирок намуданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат, сармоягузорӣ ва тиҷорат, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин ҷалби сармояи мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Нишаст ба минбари муколамаи созанда байни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон ва Эрон табдил ёфта, барои таҳкими ҳамкории амалии иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

 АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 19, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад