Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд

Февраль 25, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври якуми муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар озмун беш аз 100 нафар иштирок намуда, аз асари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ достонҳо қироат намуданд. Дар натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамон 2 омӯзгор ва 3 донишҷӯ ба даври ноҳиявии озмун роҳхат гирифт.

Ҳар донишҷӯе, ки дар даври ниҳоии озмун соҳиби ҷойи намоён мегардад, аз ҷониби коллеҷ барои ҷойи якум бо 10 000 сомонӣ ва ноутбук, барои ҷойи дуюм бо 7000 сомонӣ ва планшет ва барои ҷойи сеюм  бо 5000 сомонӣ ва телефони мобилӣ ҳавасманд карда мешавад. Омӯзгороне, ки дар омодасозии ғолибон саҳм гузоштаанд, соҳиби 5000 сомонӣ мегарданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» имсол дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳадафи он арҷгузорӣ ба мероси безаволи адабии миллат ва омӯзиши амиқи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад.

Озмун дар байни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ доир мегардад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Февраль 25, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд