Дар Лондон машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар шаҳри Лондон машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои марбути мақоми сиёсати хориҷии ду мамлакат баргузор гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо ҷонибҳо атрофи дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба табодули афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, инчунин рушди муносибатҳо дар соҳаҳои маориф, иқтисодию тиҷоратӣ, илм, фарҳанг ва муҳоҷират зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои бисёрҷонибаро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ муҳокима намуда, барои идомаи ҳамкории созанда дар чаҳорчӯби ин сохторҳо ибрози омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






