Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ давоми солҳои 2022–2025 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳми соҳибкорону сокинон 735 иншооти ҷашнӣ ба маблағи 243 миллиону 841 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, соли равон бунёди боз 200 иншоот дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, дар шаҳраки Суғдиён бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад. Баъди ба истифода додани кӯдакистон 300 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 30 ҷойи нави кор таъсис меёбад.
Дар шаҳраки Бӯстон муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1 таъмиру навсозӣ мегардад. Баъди ба истифода додани он барои 450 кӯдак шароити мусоид фароҳам омада, 25 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
Инчунин дар деҳоти Оббурдон сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 5 барои 480 кӯдак идома дорад. Ҳоло дар ноҳияи Мастчоҳ 12 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав фарогирии кӯдакон бештар мегардад.
Дар баробари ин дар деҳоти Палдорак сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 дар арафаи анҷомёбӣ аст. Мактаб барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда мешавад. Ҳамчунин дар маҳалли «Деҳқонобод»-и шаҳраки Бӯстон сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 барои 1000 хонанда дар ду баст идома дорад.
Бинои нави беморхонаи марказии ноҳия низ аз ҷумлаи иншооти муҳими ҷашнӣ буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мегардад.
Дар бахши саноат низ корҳои назаррас анҷом меёбанд. Бунёди корхонаи хиштбарорӣ бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷаъфар-2014» барои истеҳсоли то 100 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз пешбинӣ шудааст. Ин иқдом ба таъмини бозор бо масолеҳи сохтмонӣ ва афзудани нишондиҳандаҳои соҳаи саноат мусоидат менамояд.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои ободонию созандагӣ густариш меёбанд. Бунёди иншооти иҷтимоию иқтисодӣ барои рушди минбаъдаи ноҳия ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи устувор фароҳам меорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






