Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ҷаласаи намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» доир гардид, ки дар он Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Иброз шуд, ки таъсиси Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шароит фароҳам меорад, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷуда аз тамоми имконият истифода намуда, ҷавонон ба чорабиниҳои гуногуни ҳизбию давлатӣ бештар ҷалб карда шаванд.
Таъкид гардид, ки таъсиси ин намояндагӣ дар вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза, мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, бахусус терроризму экстремизм, бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки инсониятро ба ташвиш овардаанд, саривақтӣ аст. Чунин вазъ тақозо менамояд, ки тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас дар чаҳорчӯби танзими меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад.
«Ҷавонони Тоҷикистон неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад. Ғамхорӣ дар ҳаққи ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дуруст аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошад, ки таҳти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд», – баён гардид зимни ҷаласа.
Дар охир ба як зумра фаъолони аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур Ифтихорнома ва Сипоснома тақдим карда шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе










ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






