Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки алоқамандони синамо, муассисаҳои эҷодӣ, филмноманависон, коргардонҳо ва эҷодкорону филмофарон муаррифии лоиҳаҳои синамоӣ баргузор гардид.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни рӯнамоӣ 12 лоиҳаи нави синамоӣ барои таҳияи филмҳои бадеии пурраметраж, кӯтоҳметраж ва мустанад муаррифӣ карда шуд.
Мақсади баргузории рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ таҳияи филмҳои гуногунжанр дар соли 2026, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби ҷавонони эҷодкор ба соҳаи синамо мебошад.
Иштирокчиёни питчинг доир ба лоиҳаҳои синамоии рӯнамоишуда ибрози андеша намуданд. Барои такмил ёфтану беҳтар гардидани сатҳу сифати филмномаҳо ҳамзамон ба соҳибқаламони ҷавон маслиҳатҳои муфид дода шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






