Дар Женева дар доираи иҷлосияи 61-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ чорабинии канории Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар ҳошияи Бахши сатҳи баланди иҷлосияи 61-уми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева чорабинии канории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Давлати Қатар ва ҳаммуаллифии Шурои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ таҳти унвони «Ҷавонон ва зеҳни сунъӣ: ташаккули ояндаи ҳуқуқи инсон» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои аъзои Шурои ҳуқуқи инсон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Бахусус доир ба мавзуи чорабинӣ намояндагони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, муовини дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Томас Ламанаускас, муовини якуми Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзод (бо паёми видеоӣ), намояндагони Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва созмони QatarDebate Centre, инчунин намояндаи Шурои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ, сафир Абдулазиз Сулаймон Алнассер суханронӣ намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода иброз дошт, ки дар партави сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии рушди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва ислоҳоти институтсионалӣ дар Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор доранд. Ӯ афзуд, ки дар нуқтаи пайвасти зеҳни сунъӣ, ҷавонон ва ҳуқуқи инсон мо шоҳиди ҳам имконияти бузург ва ҳам хатарҳои ҷиддӣ ҳастем. Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки ин падида ба таври афзоянда дар бахшҳои гуногуни ҳаёт – маориф, тандурустӣ, идоракунии давлатӣ, шуғлу хизматрасонӣ ва платформаҳои рақамии муошират мушоҳида гардида, истифодаи самараноки он ба нафъи мардум ва пешрафти ҷомеа аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд






