Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Бошқирдистони Русия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо диаспораҳо, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Ҷумҳурии Бошқирдистон ва ҳавзаи федералии Приволжскийи Русия мулоқот намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, роҳбари намояндагии дипломатӣ дар вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон гардидааст, маълумот дод.
Сафир вазъи муҳоҷирати меҳнатиро дар кишвари иқомат мавриди муҳокима қарор дода, аз роҳбарони ташкилоти ҷамъиятию фарҳангӣ даъват ба амал овард, ки бештар бо нишон додани симои аҳли зиё, ходимони илму фарҳанг ва баргузории чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ҳувияти миллиро дар расонаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ намоянд.
Ҳамзамон роҳбари намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ расман дар кишвари иқомат бояд фаъолияти меҳнатӣ намоянд, зеро вобаста ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба қонунгузории Русия мунтазам тағйиру иловаҳо ворид мегарданд. Роҳбарони диаспораҳо даъват карда шуданд, ки дар ҷараёни мутобиқшавии шаҳрвандон ба тағйиру иловаҳои қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат карда, ба шаҳрвандони тоҷик кумакҳои ҳуқуқӣ расонанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубориза бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки ҳифзу муаррифии мероси таърихӣ омили муҳими таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Зимни суҳбат бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва донишҷӯён масъалаҳои ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши таърихи миллӣ, рушди сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва тақвияти корҳои тарғиботию маърифатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сафир таъкид намуд, ки Пешвои миллат ба масъалаи тарбияи насли наврас ва ҷавонон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи арзишҳои миллӣ ва башарӣ, дӯст доштани Ватан, худшиносиву худогоҳии миллӣ, инчунин ташаккули шахсияти дорои ахлоқи ҳамида, масъулиятшинос ва созанда вазифаи муҳими давлат, ҷомеа ва оила арзёбӣ гардид. Иброз шуд, ки тавассути паёмҳо ва суханрониҳои ҳамасола ҷомеа ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин роҳнамоӣ карда мешавад.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳамчунин иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳамчун пояи асосии рушди ҷомеа ишора намуда, зарурати баланд бардоштани сифати таҳсил, омода кардани мутахассисони рақобатпазир ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббиро таъкид намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҳамватанон саволу дархостҳои гуногун пешниҳод намуда, аз ҷумла перомуни масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар пурсишҳо посух гирифтанд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия ҳамзамон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Уфа аз Маркази идоракунии минтақавӣ боздид намуд.
Бояд гуфт, ки ин марказ ба низоми ягонаи иттилоотии марбут ба фаъолияти минтақаҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон пайваст буда, барои беҳтар кардани сифати идоракунӣ дар мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ва назорати иҷрои қарорҳои банақшагирии стратегӣ шароит фароҳам меорад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия













Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд






