Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад

Февраль 26, 2026 11:43

ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 марти соли 2026 даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар ИМД-2026 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, тасдиқ гардид.

Тибқи рӯйхати мазкур, имсол дар 43 шаҳру ноҳияи мамлакат 50 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаи сайёри бақайдгирӣ амал мекунад.

Мувофиқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирӣ бо ҳузури довталаб ва хоҳиши ӯ, новобаста аз ҷойи истиқоматаш дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи аммлакат гузаронида мешавад.

Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро аз сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон https://www.ntc.tj/tj/ ба даст оваранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Февраль 26, 2026 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад