Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд

Февраль 18, 2026 18:20

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр ба  яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ҳисор  рафта, бо шароити хизмати сарбозону афсарон шинос шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи ин ташаббус  таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба хизмати содиқонаи ҳомиёни Ватан ва боло бурдани руҳияи маънавии ҷавонон мебошад.

Зимни вохӯрӣ бо сарбозон  хизмату фидокории онҳо дар ҳифзи истиқлолият, амният ва суботи мамлакат муҳим арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, ҷавонони шуҷоъ ва ватандӯст бо хизмати софдилона сулҳу оромӣ ва амнияти ҷомеаро таъмин менамоянд.

Таъкид гардид, ки эҳтиром ба сарбоз ва қадршиносии хизматчиёни ҳарбӣ нишонаи эҳсоси баланди шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Донишҷӯёни муассиса бо шароити хизмат, тартиби рӯз, имконияти таълимӣ ва моддию техникии қисми ҳарбӣ,   дар маҷмуъ бо ҳаёти сарбозони ин қисми низомӣ шинос шуданд. Чунин мулоқот барои донишҷӯён дарси амалии ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳисобида мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Февраль 18, 2026 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд